a.png

Поиск

An Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image SlideshowAn Image Slideshow 
spinner

Дар соли 2017  мувофиқи нақша наворбардории филмҳои кўтоҳи ҳунарии «Бархурд» ва «Таксӣ» дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ пурра ба анҷом расонида шуда, айни замон танзим ва банду басти садо идома дорад.

Ҳамзамон дар асоси шартномаи тарафайн бо Комиссияи миллии ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО дар доираи Лоиҳаи байналмилалии ЮНЕСКО доир ба ҳифзи Мероси ғайримоддии фарҳанги халқи тоҷик наворбардории филмҳои мустанади «Нақшхонӣ», «Зардўзӣ», «Рақсҳои анъанавӣ», «Сўзанидўзӣ», «Лабчанг», «Миниатюра» ва «Абрбандӣ» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, вилояти Хатлон,  ВМКБ ва шаҳру навоҳии тобеи марказ пурра ба анҷом расонида шуд.

Бахшида ба бистумин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ филми мустанади «Ваҳдат-эҳёи миллат» вабахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон филми мустнади «Синамо дар даврони истиқлолият»  таҳия гардида, тариқи Шабакаи «Тоҷикистон» манзури бинандагон гардонида шуданд. Таҳияи филми мустанади  «Эҳёи ватандорӣ»  бахшида ба 25-умин солгарди баргузории Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Тоҷикистон идома дорад.

Бо мақсади таъмини завқи тамошобинони хурдсол бо филмҳои аниматсионии истеҳсоли ватанӣ таҳияи филми нави аниматсионии «Кўҳистонӣ» дар варианти 3D ба анҷом расонида шуд, ки нахустнамоиши он рўзҳои наздик дар назар дошта шудааст.

Бахшида ба рўзи кинои тоҷик, филми мустанад «Кино дар давраи Истиқлолият» омодагардида аз шабакаҳо давлати пеш ниҷод гардида шуд.

 

Наворбардорӣ ва таҳияи филмҳои баедии «Бархез модар» коргардон Зокиров Абдулҳай, «Нолаи танбур»- и Аниса Собирова идома дода шуд.